Дар пайи суқути ҳавопаймо дар Колумбия 75 нафар ҳалок шуд

© Фото : Andres Felipe Arcos Пораҳои ҳавопаймои афтида дар Колумбия. Акс аз бойгонӣ
Пораҳои ҳавопаймои афтида дар Колумбия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сардори пулиси Меделина Хосе Асеводо марги 75 нафарро дар натиҷаи суқути ҳавопаймо дар Колумбия тасдиқ кард, хабар медиҳад фрурудгоҳ дар саҳифаи Twitter

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Мақомоти пулиси Меделина марги 75 нафарро дар пайи ҳодисаи фоҷиабор бо футболбозони бразилиягӣ тасдиқ мекунад, хабар медиҳад фурудгоҳи шаҳрӣ.

"Сардори пулиси Меделина Хосе Асеводо ба ҳалокат расидани 75 нафарро дар пайи ҳодисаи фоиҷабор тасдиқ мекунад",-хабар медиҳад фурудгоҳ дар саҳифаи Twitter.

Ҳавопаймо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймо бо гурӯҳи футболбозон дар Колумбия суқут кард

Қаблан хабар дода шуд, ки  дар дохили ҳавопаймо 81 нафар қарор доштанд. Аз миёни онҳо шаш нафар зинда монда, шахсияти 27 ҷасади  дигар маълум карда шуд.

Ҳавопаймо, ки дар дохили он футболбозони Бразилия қарор доштанд дар Колумбия суқут кард.

Ҳодиса дар ноҳияи Ла-Уньони  вилояти Антиокия ба вуқӯъ пайваст. Дар дохили ҳавопаймо 72 мусофир ва 9 аъзои сарнишинон қарор доштанд. Қабл аз канда шудани алоқа, ҳайати сарнишинон дар бораи ҳолати садамавӣ хабар доданд. Раиси шаҳр  Ла-Сеха изҳор дошт, ки сабаби садамаи ҳавопаймо нарасидани сӯзишворӣ буд.

Лентаи хабарҳо
0