Пиёлаи дасти марди 31-сола сабаби марги ҳамзисташ шуд

Дар ноҳияи Деваштич марди 31-сола дар хонаи ҳамзисташ сокини 23-солаи ҳамин ноҳия муноқиша карда, ӯро бо зарби пиёлаи дар дасташ буда, ба ҳалокат расонидааст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар пайи баргузории амалиёти вижа за ҷониби кормандони милитсия, сокини ноҳияи Деваштич бо ҷурми куштори ҳамзисташ дастгир гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии ҶТ.

Манбаъ мегӯяд, ки гунаҳкор қаблан низ бо моддаи 170-и Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст.

Ҷанҷол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Писар ба хотири ҳифзи падар сабаби марги сокини шаҳри Хуҷанд шуд

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ноҳияи Деваштич, ки қаблан бо моддаи 170-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.

Ҳодиса санаи 27-уми ноябри соли равон ба вуқӯъ пайваст.

Гумонбаршуда тахминан соати 23:30-дақиқа дар хонаи ҳамзисташ зани 23-солаи сокини ноҳияи мазкур, аз сабаби муноқишаи ба миёномада, бо пиёлаи дар дасташ буда якчанд маротиба ба сари охирин зада, сипас бо дастонаш ӯро бӯғӣ кардааст.

Дар натиҷа зани 23-солаи сокини ноҳияи Деваштич ба ҳалокат расид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала