Русия ба Тоҷикистон чархболҳо ва ҳавопаймоҳои зиёд медиҳад

Дар муносибатҳои ҳарбии миёни Тоҷикистону Русия марҳилаи асосӣ наздик мешавад, изҳор дошт вазири вазорати мудофиаи Русия Сергей Шойгу

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Русия ба Тоҷикистон ҷиҳати нигоҳ доштани амният дар минтақа шумораи зиёди техникаи ҳавоӣ медиҳад, хабар дод вазири вазорати мудофиаи Русия Сергей Шойгу зимни вохӯрӣ бо ҳамтои худ аз Тоҷикистон Шералӣ Мирзо.

"Дар таърихи ҳамкориҳои ҳарбии кишварҳои мо соли оянда марҳилаи асосӣ шурӯъ мешавад. Аз ҷумла шумораи зиёди ҳавопаймоҳо ва чархболҳо ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад. Фикр мекунам, ки корҳои ин амалиёт сари вақт, мувофиқи нақша анҷом дода хоҳад шуд. Ва албатта ин амалиёт барои нигоҳдории амният дар минтақа таъсири мусбат хоҳад дошт",-гуфт Шойгу.

Вазирони вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Русия нақшаи кории соли 2017-ро имзо карданд - Sputnik Тоҷикистон
Русия ва Тоҷикистон нақшаи кории соли 2017-ро кашиданд

Ӯ хабар дод, ки Русия омода намудани мутахассисони соҳаи ҳарбиро дар Маскав идома медиҳад.

"Зиёда аз ҳазор мутахассис дар ҳоли ҳозир омода шуда истодаанд. Албатта мо ин корро идома медиҳем. Мо аз ҳамаи хатарҳо огоҳ ҳастем. Зиёд шудани ҳузури ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои терроистӣ дар Афғонистон яке аз чунин хатарҳо мебошад… Ва дар чунин ҳолат мо дар як саф бо шумо муқобили қувваи бадӣ, ки терроризми байналмиллалӣ ном гирифтааст мубориза хоҳем бурд",-изҳор дошт вазир.

Вазири вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар навбати худ ваъда дод, ки  "сарҳадҳои ҷанубии муносиботи дуҷониба ҳифз мешаванд".

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала