“Шоҳи ғизоҳо” ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шуд

© SputnikОши палав. Акс аз бойгонӣ
Оши палав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Торномаи ЮНЕСКО оши палавро “Шоҳи ғизоҳо” номида, мегӯяд ки танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон наздики 200 тарзи омода кардани он маълум аст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Анъанаи омода намудани оши палави тоҷикӣ ва узбекӣ ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шуд.

Дар пойтахти Эфиопия шаҳри Аддис-Абебе ҷаласаи Кумитаи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи фарҳанги ғайримодии башарият анҷом ёфт.

Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ҷаҳониро 23 номгӯи нави анъана ва мероси фарҳангии халқҳои гуногуни ҷаҳон пур кард. Чанде пеш хабар дод шуд, ки ҷашни Наврӯз ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил карда шуд.

Оши палав-ғизои анъанавии тоҷикон ба шумор рафта, дар рӯзҳои ҷашнӣ ва маросимҳои мухталиф омода карда мешавад.

"Шоҳи ғизоҳо"-аз биринҷ, гушт ва иловаҳои дигар омода шуда, дар Тоҷикистон 200 навъи таҳияи он маълум аст, гуфта мешавад дар торномаи ташкилот.

 

Лентаи хабарҳо
0