Марди 58-сола ҳамсояашро ҳафт корд заду дастгир шуд

© Sputnik Mish SukharevКорд. Акс аз бойгонӣ
Корд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Марди 58-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба ҳамсояи худ ҷангу ҷанол карда, ҳафт маротиба ба аъзои баданаш корд задааст

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров марди 35 сола аз дасти ҳамсояи худ маҷрӯҳ шуда, дар беморхона бистарӣ гардидааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии ҶТ.

Ҳодиса санаи 30-юми ноябри соли равон дар қисмати шимолии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 58-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуровро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти суиқасд ба куштор дастгир намуданд.

Ҷанҷол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Писар ба хотири ҳифзи падар сабаби марги сокини шаҳри Хуҷанд шуд

"Гумонбаршуда, рӯзи 30-юми ноябр, тахминан соати 15:30 дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ, бо марди 35-солаи ҳамдеҳааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 7-маротиба ба узвҳои баданаш задааст",-омадааст дар иттилоия.

Дар натиҷа, марди ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала