Тоҷикистон барои мубориза бо бемории сил 4,6 миллион доллар мегирад

Маблағи мазкур аз ҷониби Фонди глобалӣ ба Тоҷикистон барои харидорӣ намудани таҷҳизоти тиббӣ, маводҳои доруворӣ ва таҷрибаомӯзии кормандони тиб ҷудо карда шудааст

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik.Фонди глобалӣ барои мубориза бо СПИД, бемории сил ва вараҷа ба Тоҷикистон 4,6 миллион доллар ҷудо мекунад.

Маблағи мазкур барои амали намудани барномаи "Мубориза зидди бемории сил дар Тоҷикистон" ҷудо карда мешавад.

Чуноне ки намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар доданд, зиёда аз 80% маблағи ҷудокардашуда барои ба даст овардани таҷҳизоти махсуси тиббӣ ва доруворӣ сарф карда мешаванд. Аз ҷумла, барои харидории таҷҳизоти тиббӣ 1,5 миллион доллар сарф карда мешавад, барои доруворӣ бошад 1,6 миллион доллар.

Ҳамчунин ба воситаи маблағи ҷудокардашуда, омӯзиши кормандони соҳаи тиб ҷорӣ карда мешавад. Кормандон бояд истифодабарии таҷҳизоти навинро омӯхта, роҳҳои мубориза ба бемории силро бештар аз худ кунанд.

Лабораторияи мобилӣ барои супоридани хун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Русия ба Тоҷикистон лабораторияҳои мобилӣ мефиристад

Ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда шаҳрвандони Тоҷикистон ақалан дар  ду сол як маротиба аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Лоиҳаи мазкур барои дастрасии аҳолӣ ба ташхис ва табобат мусоидат мекунад.

Намояндагони Вазорати тандурустӣ ҳамчунин қайд намуданд, ки даҳ соли охир дар Тоҷикистон шумораи беморони сил 16% коҳиш ёфтааст, шумораи фавт бошад аз ин ҳисоб 50% камтар шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала