Анҷелина Ҷолӣ мехоҳад дабири кулли СММ шавад

© AP / Gero BreloerАнҷелина Ҷолӣ. Акс аз бойгонӣ
Анҷелина Ҷолӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои котиби генералии СММ шудан, ӯ мехоҳад аз шавҳари худ ҷудо шуда, бо фарзандонаш ба Лондон кӯч бандад

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ҳунарпешаи машҳури амрикоӣ Анҷелина Ҷолӣ мехоҳад Пан Ги Мунро дар вазифааш иваз намуда, котиби генералии СММ шавад.

Барои котиби генералии СММ шудан, ӯ талош дорад аз шавҳари худ ҷудо шуда, бо фарзандонаш ба Лондон кӯч бандад, хабар медиҳад нашриёти TMZ.

Анджелина Джоли ва Брэд Питт, Акс аз богйонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Брэд Питт: ман ғамгинам, вале беҳбудии фарзандонам аз ин муҳимтар аст

Ҳунарпеша омода аст, аз наводбардорӣ дар филмҳо худдорӣ карда, дар ҷаласаҳо барномаҳои телевизионӣ, маъракаҳои интихоботӣ иштирок намуда, бо ВАО ҳамкориро ба роҳ монад.

Чуноне нашриёт қайд мекунад, бо мақсади  ба симмати дабири кулли СММ расидан, ӯ барои ҷудо шудан аз шавҳараш Брэд Питт баҳона меҷуст. Ҷолӣ дар ниҳояти кор шавҳари худро дар рафтори бад бо кӯдакон мутаҳҳам кард, то ҳуқуқи бо худ бурдани фарзандонашро пайдо кунад.

Манбаъ қайд мекунад, ки ду сиёсатмадорзани англис аз Лондон, Ҷолиро бовар кунонидаанд, ки "агар ӯ аз имконияташ хуб истифода кунад", метавонад котиби генералии СММ шавад.

Лентаи хабарҳо
0