КҲФ аз боришоти сахт ва шамоли шадид ҳушдор медиҳад

Ба шаҳрвандони кишвар тавсия дода мешавад, ки аз рафтуомади безарурат тариқи роҳҳои куҳӣ худдорӣ намуда, аз роҳандозии корҳои саҳро, омодасозии ҳезум ва шикор дар маҳалҳои куҳӣ даст кашанд

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik.Дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво боз паст шуда, бориши зиёди барф ва яхбандӣ пешгӯӣ мешавад.

Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 8-ум то 10-уми декабри соли 2016  обу ҳавои номусоид, аз ҷумла, борони гузаранда ба барфи тар, дар ноҳияҳои ҷудогона шамоли сахт, ки дар як сония то 17-22 метр мевазад, пешбинӣ мешавад.

Ҳарорати миёнаи ҳаво дар кишвар 6 °С-ро ташкил хоҳад дод.

Дар баробари ин часпидани барфи тар дар симу дарахтон ва дар роҳҳои куҳӣ  ғуншавии барф ва яхбандии шадид бар асари сармо дар назар аст.

Хунукшавии ҳаво дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ Тоҷикистон огоҳ мекунад: дар хунукии рӯзҳои наздик эҳтиёт кунед

Кумита ҳушдор медиҳад, ки бар асари шамол ва часпидани барфи тар дар симҳо эҳтимоли зарар дидани хатҳои интиқоли барқ, шикастани дарахтон, ҳамчунин зарар дидани овезаҳои реклама, ки суст часпонида шудаанд,  вуҷуд дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо рафтуомади безарурати худро тариқи роҳҳои куҳӣ маҳдуд карда, аз роҳандозии корҳои саҳро, омодасозии ҳезум ва шикор дар маҳалҳои куҳӣ худдорӣнамоянд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала