“Дар роҳҳои Тошканд мошинҳо шино мекунанд”: кӯчаҳо зери об монданд

© © Nuz.uzКӯчаҳои Тошканд зери об монд
Кӯчаҳои Тошканд зери об монд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамотҳои коммуналии шаҳрӣ ба баъзе кӯчаҳои зериобмонда расиданд ва оқибатҳои селро бартараф карданд

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik.Кӯчаҳои Тошканд зери об монданд, хабар медиҳад Sputnik Узбекистан бо истинод ба Nuz.uz.

"Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандон аксҳои зиёди кӯчаҳои зериобмондаи Тошкандро гузоштанд. Баъзе аксҳо аз кӯчаҳое буданд, ки кӯлҳои калони об садии роҳгузарон мешуданд, дар ҷайе об то зону мерасид. Беш аз ин бештари қисмати маркази шаҳр зери об монд",- омадааст дар хабр.

Қайд карда мешавад, ки обхезӣ барои роҳгузарон мушкилии зиёд ҳосил намуд, ки онҳо ҳатто ҳаросон роҳ мегаштанд.

Барои ронадагон низ обхезӣ мушкилӣ ҳосил намуд. Автомашинаҳо дар об шино мекарданд.

Хадамотҳои коммуналии шаҳрӣ ба баъзе кӯчаҳои зериобмонда расиданд ва оқибатҳои селро бартараф карданд.

Қайд карда мешавад, ки чунин ҳолат дар шаҳр ҳар вақт пас аз боришоти шадид ба миён меояд. Калонтарин обхезӣ дар шаҳр соли 2014 ба қайд гирифта шуд; он вақт об на танҳо кӯчаҳо ва рӯдҳоро пур кард, балки то гузаргоҳҳои зеризаминӣ расид.

Лентаи хабарҳо
0