ИМА баъди пош хӯрдани ИҶШС аз ӯҳдаи идоракунии ҷаҳон набаромад

Обуна шудан
НовостиTelegram
Танҳо 24 фисади олмониҳо ва 42% фаронсавиҳо ба саволи "Оё ИМА пас аз пош хӯрдани ИҶШС аз ӯҳдаи идоракунии ҷаҳон баромад", посухи мусбат додаанд

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Мувофиқи назарсанҷии Sputnik.Мнения, аксари шаҳрвандони Олмон (69%), Фаронса (55%) ва Италия (51%) бар онанд, ки ИМА баъди пош хӯрдани ИҶШС нақшаи лидери ҷаҳониро бозида натавонист.

Назарсанҷӣ аз ҷониби ташкилоти тадқиқотии Ifop бо дархости хабаргузорӣ ва радиои Sputnik омода шудааст.

Натиҷаҳои интихобот дар ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аксари шаҳрвандони ИМА бо низоми интихоботи президентӣ розӣ нестанд

Ба саволи оё ИМА пас аз пош хӯрдани ИҶШС аз ӯҳдаи идоракунии ҷаҳон баромад, танҳо 24% олмониҳо, 42% фаронсавиҳо ҷавоби мусбат додаанд. 10 дарсади фаронсавиҳо ва 7%-и олмониҳо ба савол посух нагуфтанд.

Созишнома дар бораи барҳам хӯрдани ИҶШС ва таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 8 декабри соли 1991 ба имзо расид. Дар ин рӯз роҳбарони Белорус, Федератсияи Русия ва Украина созишномаи ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро имзо намуданд.

Назарсанҷӣ аз ҷониби ташкилоти тадқиқотии Ifop моҳи июли соли 2016 гузаронида шуд. Дар назарсанҷӣ 3006 нафари аз 18 сола боло ширкат карданд. Назарсанҷӣ байни шаҳрвандони Фаронса, Олмон ва Италия гузаронида шуд.

Маълумот дар бораи лоиҳаи "Sputnik.Мнения"

Лоиҳаи байналмиллалӣ оиди тадқиқот ва омӯзиши афкори омма моҳи январи соли 2015 шурӯъ шуд. Шарикони ин лоиҳа ширкатҳои тадқиқотии бонуфузи Populus ва Ifop мебошанд. Дар доираи лоиҳаи Sputnik.Мнение. мунтазам пурсишномаҳо бо мақсади омӯзиши афкори омма оид ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар мамлакатҳои Аврупо ва ИМА гузаронида мешавад.

Sputnik (sputniknews.com) хабаргузорӣ ва радио аст, ки бо бахшҳои чандрасонаӣ ва иттилоотӣ дар даҳҳо кишвар фаъол мебошад. Ба "Sputnik" сайтҳо, пахши рақамӣ ва анъанавии радио, нармафзорҳои мобилӣ ва сафҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таалуқ доранд. Барои обуначиён хабарҳои Sputnik ба таври шабонарӯзӣ бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва испониву чинӣ ба нашр мерасанд.

Лентаи хабарҳо
0