Раҳмон маркази гармидиҳиро ифтитоҳ ва 700 нафарро ба ҷои кор таъмин кард

© Flickr / Официальная страница пресс-службы президента РТЭмомали Рахмон Маркази гармидиҳии "Душанбе 2"-ро ифтитоҳ кард. Акс аз бойгонӣ
Эмомали Рахмон Маркази гармидиҳии Душанбе 2-ро ифтитоҳ кард. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе 2”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik.  Дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе 2" ифтитоҳ ва 700 нафар бо ҷои кор таъмин шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Хишти аввали сохтмони навбати дуюми маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 300 мегават аз тарафи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуда буд ва он имрӯз аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Эмомали Раҳмон зимни баромад дар саммити об адр Будапешт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷалби бештари сармоягузорӣ: барои чӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Будапешт рафт

Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон дар толори агрегатҳо парда аз болои лавҳаи рамзӣ бардошта, ба Маркази идоракунии ин иншооти муҳими энергетикӣ бо пахши тугма ба фаъолияти навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе — 2 расман оғоз бахшид.

"Раиси ҷумҳур ба фаъолият оғоз кардани ин иншооти муҳими соҳаи энергетикаро муборакбод гуфта, изҳор доштанд, ки татбиқи он барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами муҳиму назаррас мебошад",-омадааст дар иттилоия.

Манбаъ хабар медиҳад, ки баробари бунёди марказ беш аз 700 нафар сокинони маҳаллӣ, бахусус ҷавонони ихтисосманд бо кори доимӣ таъмин шуданд.

© Flickr / Официальная страница пресс-службы президента РТМаросими ифтитоҳи Маркази гармидиҳии "Душанбе 2"
Маросими ифтитоҳи Маркази гармидиҳии Душанбе 2 - Sputnik Тоҷикистон
1/3
Маросими ифтитоҳи Маркази гармидиҳии "Душанбе 2"
© Flickr / Официальная страница пресс-службы президента РТМаросими ифтитоҳи Маркази гармидиҳии "Душанбе 2"
Маросими ифтитоҳи Маркази гармидиҳии Душанбе 2 - Sputnik Тоҷикистон
2/3

3/3

Арзиши умумии лоиҳа 349 миллион доллари амрикоӣ буда, аз он 17 миллиону 443 ҳазор доллар саҳми ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Пудратчии асосии сохтмон ширкати ТВЕА-и Чин мебошад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала