Заминҷунбии Чин дар Қазоқистон ҳис шуд

CC BY-SA 3.0 / Yamaguchi先生 / Сейсмограф. Акс аз богйонӣ
Сейсмограф. Акс аз богйонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази зилзиласанҷии Қазоқистон дар бораи заминларза дар вилоятҳои шарқии Қазоқистон ва Алмаато хабар дод

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Маркази заминҷунбӣ дар Чин ҷойгир шуда, он дар минтақаҳои алоҳидаи Қазоқистон ҳис шуд, иттилоъ медиҳад маркази зилзиласанқии Ҷумҳурии Қазоқистон.

Мувофиқи маълумоти маркази зилизиласанҷӣ заминларза соати 11.15 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Маркази заминҷунбӣ дар масофаи 757 километрии Алмаато дар қаламрави Чин ҷойгир шуда буд.

Дар шаҳри Зайсан қувваи заминҷунбӣ 3 балро ташкил дода, дар Уст-Каменогорск-2 балро такшил дод.  Дар Жаркент бошад қувваи заминҷунбӣ ба 2-3 бал расид.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар ноҳияи автономии Синсзян-Уйгур заминҷунбии 6,2-баллӣ рух дод.

Лентаи хабарҳо
0