Райъпурсии Қирғизистон оид ба тағийроти Сарқонун баргузоршуда эълон гардид

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкРайъпурсии ворид кардани тағийротҳо ба Сарқонуни Қирғизистон
Райъпурсии ворид кардани тағийротҳо ба Сарқонуни Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти ҷумҳурӣ Алмосбек Атамбоев боварӣ дорад, ки райъпурсӣ як қадами дигари кишвар ба демократия таҳкими истиқлолияти ҷумҳурӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik.Райъпурсӣ дар Қирғизистон оид ба ҷорӣ намудани тағийротҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузоршуда эътироф карда шуд.

Мувофиқи маълумоти КМИ зиёда аз 30,41% шаҳрвандон, ки дар рӯйхати интихобкунандагон ворид карда шудаанд, дар райъпурсии умумихалқӣ иштирок карданд.

Раисҷумҳури Қирғизистон райъпурсиро қадами тозае дар демократия ва таҳкими истиқлолияти кишвар мешуморад, хабар медиҳад РИА Новости.

"Мо ягона кишваре мебошем, ки истиқлолияти худро, ҳатто ба ташкилоти бонуфузи Кумитаи СММ ба иҷора додем", — гуфт президенти Қирғизистон Алмосбек Атамбоев.

Муаллифони тағийротҳо қайд мекунанд, ки мақсади асосии райъпурсӣ тавозуни шохаҳои ҳукумат  ва таҳкими парламентаризм мебошад. Аз ҷумла қайд карда мешавад, ки меъёрҳои ҳатмии қарорҳои ташкилотҳои байналмиллалии ҳуқуқи инсон дар кишвар бекор карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0