Дуои Лоиқ шеъри Шоираи Раҳимҷонро то Амрико расонд

© Фото : страница Шоиры Рахимджон в FacebookШоираи Раҳмиҷон дар Амрико
Шоираи Раҳмиҷон дар Амрико - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ифтихор мекунам, ки дасти дуои устод Лоиқро гирифтаам ва ҳангоми дар қайди ҳаёт буданашон чандин шеърхоямро дар ҳузури устод хондааму аз ҷониби он кас баҳои хуб ҳам гирифтаам

Шоираи Раҳмиҷон, ки фаъолияташ ба номаш тавъам аст, байни мухлисони шеър, хусусан ҷавонони тоҷик хуш пазируфта шудааст. Шоирабонуи оҳангсоз, рӯзноманигор ва шоира якҷоя бо ҳунармандони машҳури тоҷик, дар доира Фестивали байналмиллалии "Шашмақом" бахшида ба 100-солагии Нуриё Аминов ба Амрико рафт ва дар тӯли як моҳ дар он ҷо ба ҳаёти мардуми тоҷик, фарҳанги амрикоӣ шинос шуд ва ташнагони  каломи волоро бо ашъори худ сероб намуд.

Шоира пас аз сафар дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз эҷодиёти худ, сабки хеш, бардоштҳои худ аз кишвари Амрико, ҳаёти тоҷикони дар он тарафи уқёнус, фарҳанги кишвари дигар нақл намуд.

Ӯ бо ифтихор мегӯяд, ки тавонистааст шеъри худро дар назди устод Лоиқ қироат намояд ва аз устоди шеър дуо бигирад ва ният дорад, ки бо овозхони машҳури Шарқ —Гугуш ҳамсӯҳбат шавад.

Тоҷикони Амрикоро чӣ гуна дарёфтед?

— Тоҷикони Амрико хело хуб ба шеваи зиндагии Ғарб ворид шудаанд ва бо сабки мардуми амрикоӣ кору фаъолият мекунанд. Бо мушоҳидаи ман тоҷикони муҳоҷири Амрико азият намекашанд ва озоданд. Ба фикри ман Амрико  кишвари имкониятҳост.

Киро дар ҷодаи эҷодиёт устод мешуморед ва бо маслаки кадом шоир рафтан мехохед?

— Ба  истиснои он, ки баъзан шеърҳои маро устодон  таҳриру дуруст мекунанд, дар ҷодаи эҷод ман устоде надоштам, ки маро куллан роҳнамоӣ кунад. Ягона нафаре, ки борҳо ҳангоме аз шеър дур шудан маро боз ба он наздик кард  ва домони шеърро ба дастам медод — модарам ҳастанд.
Пайрави ҳеҷ шоир будан намехоҳам. Мехоҳам ҳарфи гуфтаи ман сирф тавлидёфтаи зеҳни ман бошад, на аз тасвири шеъри касе рӯбардор шавад. Ва ҳарчӣ офаридам, то имрӯз шукронаи Худованд, ки онҳоро дар зеҳнам  рехт, вагарна:
Ман киям?Ман ҳеҷ кас!
Ман киям?Як роҳ хас!
Беҳавас,беҳамнафас
Дар миёни ин қафас
Тангу торик,сарду шум
Гуми гумам,гуми гум!!!

Нигоҳи Шумо ба эҷодиёти Лоиқ?

— Ба фикри ман шеър бояд тавре бошад, ки онро ҳатто як деҳқон ҳам ҳангоми дарав ё кишт кардан, дарк карда тавонад. Мардум вақти луғатгардонӣ надоранд.(Ин фикри ман аст албатта, ки шояд аз нигоҳи дигарон ғалат бинамояд). Яъне  соддаву фаҳмо иншо шуда бошад, ки мавриди қабули ҳама зеҳнҳо бошад. Ин муваффақиятро устод Лоиқ то ҳадде касб кардаанд, ки маҳбубияти эшон асрҳо боқӣ мемонад. Ман бовар дорам  нафаре нест, ки эҷодиёти Лоиқро бихонаду нафаҳмад. Шеъри ӯ барои ҳама аст, оммафаҳму соддаву табиӣ ва зебо.  Ифтихор мекунам, ки дасти дуои устодро гирифтаам, ва ҳангоми дар қайди хаёт буданашон чандин шеърхоямро дар ҳузури устод хондааму аз ҷониби он кас баҳои хуб ҳам гирифтаам.

 

© Фото : страница Шоиры Рахимджон в FacebookШоираи Раҳимҷон дар Фестивали байналмиллалии Шашмақом дар Амрико
Шоираи Раҳимҷон дар Фестивали байналмиллалии Шашмақом дар Амрико - Sputnik Тоҷикистон
1/4
Шоираи Раҳимҷон дар Фестивали байналмиллалии Шашмақом дар Амрико
© Фото : страница Шоиры Рахимджон в FacebookҲайъати фарҳангии Тоҷикистон дар ҳузури Малика Қаландарова
Ҳайъати фарҳангии Тоҷикистон дар ҳузури Малика Қаландарова - Sputnik Тоҷикистон
2/4
Ҳайъати фарҳангии Тоҷикистон дар ҳузури Малика Қаландарова
© Фото : страница Шоиры Рахимджон в FacebookШоираи Раҳимҷон бо тоҷикони Амрико
Шоираи Раҳимҷон бо тоҷикони Амрико - Sputnik Тоҷикистон
3/4
Шоираи Раҳимҷон бо тоҷикони Амрико
© Фото : страница Шоиры Рахимджон в FacebookШоираи Раҳимҷон бо ашъори хеш баромад мекунад
Шоираи Раҳимҷон бо ашъори хеш баромад мекунад - Sputnik Тоҷикистон
4/4
Шоираи Раҳимҷон бо ашъори хеш баромад мекунад
1/4
Шоираи Раҳимҷон дар Фестивали байналмиллалии Шашмақом дар Амрико
2/4
Ҳайъати фарҳангии Тоҷикистон дар ҳузури Малика Қаландарова
3/4
Шоираи Раҳимҷон бо тоҷикони Амрико
4/4
Шоираи Раҳимҷон бо ашъори хеш баромад мекунад

Барои худ дар Амрико чӣ кашфиётҳое кардед?

— Рузноманигор,шоир, оҳангсоз? Намедонистам кадоме аз инҳо асли ман аст, намедонистам ман киям?!  Дар ин сафар, дар сӯхбат бо нафарони бофарҳангу соҳибилм, ки таҳлилгарони хуб ҳам буданд, ин суолро ба миён гузоштам. Бо эътироф ва таъкиди онҳо дарк намудам, ки каси универсали будааму бояд ҳама кореро ки қувватам мерасад, анҷом бидиҳам. Дар Лос Анҷелес  бо сардабири маҷаллаи "Tehran magazin"  Шахбод Нурӣ, ки як шахсияти хеле донишманду муваффақ аст, во хӯрда сӯҳбати муфиде анҷом додам.

Фарҳанги амрикоӣ бароятон писанд омад?

— Фарҳанги Амрико ҷавобгӯи ҳама меъёрҳои ҷаҳонӣ аст. Шояд аз сардии ҳаво бошад, ман духтареро урён надидам. Ҷавонон он ҷо саргарми кор ҳастанд. Иллати бекорӣ, ки надоранд дар сарашон фикрҳои ғайр намеояд.  Ҳатто дар тарбхонаҳо ҳам(чӣ тарабхонахои аврупоӣ ва чи шарқӣ) духтарони тоҷикро, ки муқими онҷо шудаанд,  бо як одобу фарҳанги хоса медидем, ки бисёр хушамон меомад. Ҳама ба ҳамдигар лутф мекунанду табассум. Касе касеро таҳқир ва дашном намекунад.  Аз ҳама муҳимаш дағал нестанд.

Амрико аз нигоҳи Шумо?

— Одоби муоширати онҳоро дӯст доштам. Ман тӯли он ҷо  буданам дар ҳеҷ холате надидаам, ки касе касеро нороҳат кунад ё касе бо табъи хира бошаду аз умр нороҳат.  Амрико ба ман аз ҷихати озодии кул писанд омад. Чунин менамояд, ки мардум озоданд —  ҳам дар доираи фаъолияти эҷодӣ,  хам фаъолияти корӣ.  Қиммати вақтро медонанд. Ҳеҷ гоҳ барои хӯроки нисфирузӣ дар тарабхона ё қаҳвахонаҳо вақташонро намегузаронанд. Як бургер ва як пиёла чой. Он ҳам сари компутари коришон…

Ташнагони шеърро дар он тарафи укёнус чӣ гуна дарёфтед?

— Пеш аз сафар ман фикр мекардам, ки  он ҷо аслан шеърро намепазиранду ба шеър таваҷҷуҳ ҳам надоранд. Аммо вақте, ки дар толор ба ғайр аз форсизабонон ва тоҷикон мардуми амрикоӣ омада, маро бо таваҷҷӯҳ гӯш мекарданд, дарк намудам ҳамагӣ ташнаи шеъру тарона ҳастанд.

Оё фарханги форсӣ — тоҷикӣ  дар Амрико эҳсос карда мешавад? 

— Худи баргузории Фестивали Шашмақом, ки дар он таронаҳо бо забони форси- точикӣ суруда шуданд ва аз эҷодиёти Ҳофиз, Бедил, Рудакию Ҷомӣ ва Хайём- шоирони класики форсӣ- точикӣ буданд, гувоҳи он аст ки, мардуми онҷо, бахусус яҳудиёни Бухоро корҳоеро барои ривоҷ додани фарҳанги форсӣ анҷом медиҳанд, барои пойдорию муаррифии он талошҳое мекунад, ки боиси ифтихор ва эҳтиром аст.

© Фото : страница Шоиры Рахимджон в FacebookШоирабону дар доираи аҳли фарҳанг
Поэтесса Шоира Рахимджон во время поездки в США - Sputnik Тоҷикистон
Шоирабону дар доираи аҳли фарҳанг

Дар кадом қисматхои Амрико маҳфилхо баргузор намудед?

— Баромади аввали ман дар Фестивали Шашмақом буд, ки дар он зери навои танбур ғазали худамро сароидам. Танбӯрнавози беҳтарин Роман Талмасов шеъри маро бо оҳанг ҷӯр мекард. Ин лаҳза хеле бароям хотирмон шуд. Дар Ню Йорк ду маҳфили дигар доштам, баъд аз он бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар ИМА дар шаҳри Вашингтон маҳфили эҷодии ман бо иштироки хунарпешаи ҷавон Ситораи Кароматуло  баргузор гардид.

Маҳфилхоятон дар Амрико чӣ гуна баргузор шуданд?

— Махфилҳоям дар сатҳи олӣ гузаштанд ва олӣ пазироӣ ҳам шуданд, зеро бе ягон тайёрии пешакӣ ва бе тарҳрезӣ баргузор шуд. Ҳама чӣ  табиӣ буд. Маҳфиле, ки дар Ню Йорк бо ибтикори яҳудиёни Бухоро баргузор шуд, бароям бисёр фаромӯшнашаванда буд.  Иштироки дурахшонтарин ҳунармандон — Малика Қаландарова, Рошел Аминов, Рошел Рубинов, Тамара Катаева, Муҳаббат Шамаева ва чанде дигарон дар маҳфили камина боис ба  сарбаландиам буд. Барои баргузории ин маҳфил ман аз сардабири маҷаллаи Zamon times Рафаэл Некталов бисёр миннатдор ҳастам, ки ҳама тарҳрезиву банду басти маҳфил дасти  ӯ буд.

Ғайр аз ин сафари ман ба Лос Анҷелос ба нияти дидани Гугуш буд, ки мутассифона рӯзҳое,  ки он шаҳр будам ӯ дар сафари ҳунарӣ, дар Фаронса қарор дошт. Вале ба ман даст дод, ки ба воситаи писараш Комбиз пуле бисозам барои дидори оянда бо Гугуш.

Таасуроти Шумо аз сафар?

— Сафаркарда ҳамеша барои худ ҷаҳонбинии васеъ аз ҳар сафар бардошт мекунад. Имрӯз ман бо як энерҷие аз сафар баргаштам, ки фикр мекунам қудрати идора кардани як дастгоҳи бузургро дорам. Ва дар самти эҷоди шеър, эҷоди суруду мусиқӣ ҳам пур аз энерҷиву  идеяҳои ҷадид хастам. Пур аз хоҳишу пур аз талош, ки фикр мекунам ин хама таконеро бароям бахшидаву масъулиятамро даҳчанд намуда.

Кунун танбалиро раҳо мекунам. Ҳарфҳои ногуфта зиёданд фурсати умр андак. Бояд ногуфтаҳоро суруд. Бояд фарозтар аз ҳадди хештан рафт, то қаноат дошта бошӣ. Ҳарчанд ба гумон аст иктифо ва қаноатманд будан аз худ!

Дар бораи шоира

Яке аз бонуи шеъри тоҷик Шоира Рахимҷон зодаи шаҳри Ваҳдат буда, 31 марти соли 1977 дар оилаи коргар ба дунё омадааст.  Шоираи кӯчак ҳануз аз айёми 10-солагӣ шеър мегуфт.

Шоирабону хатмкардаи ДДМТ, факултаи филологияи тоҷик мебошад.

Вай солиёни зиёд дар Радиёи Тоҷикистон ба сифати муҳаррир фаъолият намудааст.  Аввалин намунаи ашъори шоира соли 2003 бо номи "Нахустин номаҳои дард"  интишор шуда,  китоби дуввуми вай соли 2013 бо номи  "Вопасин номаҳои дард"  дастраси ихлосмандони шеър гардидааст.  Шоирабону соли 2012 дар машварати адибони ҷавон хамчун шоири суруднавис узви Иттифоқи Нависандагон гардид.

Шоира бо хунармандони машҳури кишвар ҳамкорӣ дорад ва барояшон шеър ва оҳанг эҷод мекунад.

Ҳоло Шоираи Раҳимҷон муаллимаи калони фанни балоғати суханварии Донишгоҳи такмили ихтисос барои мактабҳои олӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0