Playing Together: дар Душанбе консерти хайриявӣ баргузор мегардад

Бахшида ба рӯзи байналмиллалии маъюбон дар пойтахти Тоҷикистон бо иштироки сарояндагони машҳури шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Исфара ва Хоруғ консерти хайриявӣ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Дар меҳмонхонаи Шератон бахшида ба рӯзи маъюбон барномаи консертӣ таҳти унвони "Нотаи шодӣ" баргузор мегардад, хабар дода мешавад дар саҳифаи фейсбукии консерт.

Дар консерт ҳунармандон аз қабили Содирхон Убайдуллоев, Сардор Солиев, Ҳамза Ҳакимзода, Хушбахт Ниёзов, Шаҳбоз Каримов, Ғуломшо Сафаров, Убайдуллоев Сайдулло, Ёрматов Фарҳод, сурудҳои шашмақом ва навоҳои  бадахшониро пешкаши тамошобинон мегардонанд.

Консерти идона бахшида ба 80-солагии Оқохони 4 - Sputnik Тоҷикистон
“Хушҳолӣ муборак”-дар Маскав бахшида ба мавлуди Оқохони IV консерт баргузор гардид

Гуфта мешавад, ки консерт санаи 18-уми декабр соати 17.00 дар меҳмонхонаи Шератон баргузор мегардад. Маблағи аз фурӯши чиптаҳо ба даст омада, ба кӯдакони маъюб дода мешавад.

Бархе аз ҳунармандони консерт иштирокчиёни лоиҳаи Playing Together буда, санъати тоҷикро дар ИМА, Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуданд.

Қаблан Хушбахт Ниёзов яке аз мусиқачиён ва иштирокчии ин лоиҳа дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қайд намуд, ки иштирок дар лоиҳа барояш дарси бузурги зиндагӣ буд.

Дар ҳоли ҳозир сарояндагон барои гузаронидани консерти зинда омодагӣ мебинанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала