Шевченко: дар Русия насле ба воя расид, ки дар бораи Тоҷикистон чизе намедонад

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сиёсатмадори рус Максим Шевченко изҳор дошт, ки мардуми рус бояд бо фарҳанги тоҷикон ва Тоҷикистон бештар шинос шаванд

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Максим Шевченко бовар дорад, ки агар ҳунармандони тоҷик дар Русия бештар баромад кунанд, муносибати байни ду кишвар беҳтар мешавад.

Консерти идона дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар Маскав Шоми фарҳангии тоҷикон баргузор мешавад

Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар хонаи нависандагон Шоми фарҳангии Тоҷикистон баргузор гардид. Барои меҳмонони шоми фарҳангӣ овозхонони беҳтарини тоҷик-Далер Назаров, гурӯҳи "Шамс", Ноҳид Зайналпур ва дигарон ҳунарнамоӣ карданд.

Дар байни меҳмонон Максим Шевченко низ ҳузур дошт. Ба гуфти ӯ чунин маҳфилҳо бояд зиёдтар ташкил карда шаванд, то фарҳанги мардуми тоҷик ба халқи Русия  наздиктар шавад.

"Хуб нест, ки дар Русия насле ба воя расид, ки дар бораи Тоҷикистон, таърихи бойи он, фарҳангу анъана ва шоирону нависандагони барҷастаи тоҷик чизе намедонад",-гуфт Максим Шевченко зимни сӯҳбат бо рӯзноманигорон.

Лентаи хабарҳо
0