Тоҷики депортшуда хост бо шиносномаи қирғизӣ вориди Русия шавад

© Sputnik / Жоомарт УраимовШиносномаи шаҳрванди Қирғизистон, акс аз бойгонӣ
Шиносномаи шаҳрванди Қирғизистон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳангоми бақайдгирии мусофирони паврози Ош- Москва дар яке аз шиносномаҳои пешниҳодгардидаи қирғизӣ аломати сохтакорӣ ба назар расид

ДУШАНБЕ,16 дек — Sputnik. Дар фурудгоҳи шаҳри Оши Қирғизистон шаҳрванди Тоҷикистон дастгир гардид.Марди 36-солаи Тоҷикистон дар сохтакории ҳуҷҷатҳо гумонбар дониста мешавад: кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон шиносномаи қалбакии  ӯро гирифтанд.

Парчами Давлати Исломӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Зани рус бо истифодаи шиносномаи шаҳрванди ҶТ хост ба ДИИШ пайвандад

Ҳангоми бақайдгирии мусофирони парвози Ош- Москва ҷинояткор шиносномаи худро — ID-card пешниҳод намуд, ки дар он гумрукчиён нишонаҳои сохакориро дарёфт намуданд- қисман набудани ҳифзи кимиёвӣ ва тасвири нишони Қирғизистон,мувофиқ набудан ба мақоми ваколатдори шоносномадиҳӣ ва ғайраҳо.

Мардро дар ғайриқонунӣ убур кардани марзи сарҳади давлатӣ гунаҳкор медонанд. Қайд карда мешавад, ки вай пештар аз Русия депорт шуда,  ин дафъа мехостаст, ки ба воситаи Қирғизистони ҳамсоя ба Русия ворид шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала