Ҳушдори КҲФ аз бориши борон, барфи тар ва фаромадани туман

© SputnikТуман дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Туман дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аз 17 то 21-уми декабри соли 2016 якбора бад шудани ҳаво, аз ҷумла бориши борон ва дар баландии 1200 метр бориши барфи тар, ҳамчунин дар водиҳо фаромадани туман дар назар аст

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи паст шудани боду ҳаво дар рӯзҳои наздик хабар медиҳад.

Ба шаҳрвандони кишвар тавсия дода мешавад, ки аз рафтуомади безарурат тариқи роҳҳои куҳӣ худдорӣ намуда, аз роҳандозии корҳои саҳро даст кашанд. Аз ронандагон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар роҳҳо суръати ҳаракатро баланд накарда, боэҳтиёт бошанд.

Зимистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ аз боришоти сахт ва шамоли шадид ҳушдор медиҳад

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии мамлакат аз 17 то 21-уми декабри соли 2016 якбора бад шудани ҳаво, аз ҷумла бориши борон ва дар баландии 1200 метр бориши барфи тар, ҳамчунин дар водиҳо фаромадани туман дар назар аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда огоҳ мекунад, ки дар роҳҳои куҳӣ яхбандӣ мешавад ва ин ба ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои мошингард таъсири худро мерасонад.

Кумита ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз 17-ум то 23-юми декабр ҳаракатҳои безарурати худро ба роҳҳои куҳӣ маҳдуд карда, ба ронандагон маслиҳат медиҳад, ки  суръати ҳаракат ва фосилаи кофиро риоя намоянд ва ҳамзамон хеле ботаваҷҷуҳ ва ҳушёр бошанд. Мошинҳоро аз рӯйи имкон дар мошинхонаҳо ҷобаҷо кунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала