Чаро дар Тоҷикистон номҳои шӯравиро хат мезананд?

Чанд соли ахир аст, ки дар Тоҷикистон аз номҳои “бегона” кӯчаву хиёбонҳоро тоза мекунанд. “Барномаи тағири ном дар ҷумҳурӣ ” хусусияти оммавӣ пайдо кардааст

Аллакай чанд соли ахир аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба дигаргун кардани номи шаҳр, кӯча ва деҳаҳо машғул аст. Бештар дар ин ибтикор номҳои советӣ аз байн бардошта мешаванд. Ба ҳама маълум аст, ки Тоҷикистон 25 сол боз мустақил аст ва бо роҳи худ меравад.  Аммо ҳангоми ба ёд овардани гузаштагони хеш, ҳукумати тоҷик дар бораи таърихи муосири кишвар  фаромӯш мекунад.

Моҳи октябр дар Душанбе кӯча ба номи қаҳрамони машҳури Ҷанги Бузури Ватанӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, генерал Иван Панфилов тағйири ном карда шуд. Ӯ соли 1925  ба сифати роҳбари пости Хоруғ фаъолият дошт ва дар давоми шаш сол ҷумҳурии ҷавонро аз босмачиён муҳофизат мекард. Дар   вақти Ҷанги Бузарги Ватанӣ бошад, бо роҳбарияти Панфилов Девизияи 20-уми кӯҳии Тоҷикистон ва Девизияи пиёдагарди 316 Маскавро ҳимоя намуданд. Дар бораи қаҳарамонии 28 нафар ҳама медонанд.

Дар вақти тағийри ном кардани яке аз дигар кӯчаҳои пойтахт, ки ба номи конструктор ва муҳандиси сохтмони Канали Калони Ҳисор Николай Свириденко оё ба ҳукумат ягон эътироз расида бошад?

Хоруғ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тағйири номи бархе аз мавзеъ ва шаҳракҳо дар Тоҷикистон

Николай Свириденко қисми зиёди умрашро дар Тоҷикистон гузаронида, барои сохтмони калонтарин иншооти ирригатсионӣ бо ҷоизаи олӣ- ордени Ленин мукофотонида шудааст. Баъд аз он ба халқи тоҷик Канали калони Фарғона ва Канали Калони Ҳисор дастрас гардид, аммо худи сокинони Тоҷикситонро ӯро чӣ гуна ба ёд меоваранд?

Ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки тағийри ном нодуруст аст. Ин амал дар тамоми кишварҳои ҷаҳон падидаи оддӣ аст. Вақте ки номи кӯчаи Советскиро ба шарофати доктори илмҳои филологӣ Аълохон Афсаҳзода, кӯчаи ба номи рӯзноманигори чехӣ Юлиус Фучикро ба шарофати қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалӣ, кӯчаи инқилобчии қафқозӣ Степан Шаумянро ба номи сиёсатмадори тоҷик Сӯҳроб Шарипов дигаргун мекунанд, инро фаҳмидан мумкин аст.

Ё ки ҳатто кӯчаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Матросовро ба номи қаҳрамони Тоҷикистон, корманди КДАМ —  Рустам Амакӣ, ки 15-уми сентябри соли 2015 дар ҷараёни як амалиёти махсуси безараргардонии Назарзода кушта шудааст, тағийри ном мекунанд, фаҳмидан мумкин аст.

Аммо ҳангоми дигаргун кардани номи кӯчаҳое, ки ба нависандагон ва шоирони бузург, олимони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки на танҳо дар ҶБВ иштирок намудаанд, балки дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, дар  рушди кишвар саҳм гузоштаанд, дигаргун мекунанд, дарк намудани он ғайриимкон аст.

Бинои парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бунгакиёни Файзобод акнун Дурахшон шуд, Қуруғ- Навбаҳор

Баъд аз он ҳадаф аз дигаргун кардани номи кӯчаҳои пештар бунёдгардида, дар ҳоле, ки кӯчаҳои нав бунёд мегардиданд, аз чист?  Барои чӣ ба даҳҳо маҳлҳои аҳолинишин номи якхела мемонанд. Ба мо даҳҳо Сомонӣ, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Гулистон барои чӣ лозиманд?

Як далели дигар:вақтҳои ахир дигаргункунии номҳо на танҳо ба қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ  дахл дорад, балки  дар дигар решаҳои миллӣ низ ба назар мерасад. Дар вилояти Суғд номҳои маҳаллии ӯзбекиро тарҷума карда истодаанд: Камартош ба Камардашт, Куктош ба Кабудсанг, Алтинопкан ва Зарнисор, ва ғайраҳо. Аммо ин деҳаҳо ҳамавақт пештар номи ӯзбекӣ доштанд, зеро дар он ҷо ӯзбекон зиндагӣ мекарданд ва мекунанд.

Ҳукумат иброз медорад, ки тағийри номи шаҳрҳо ва ноҳияҳо бо мақсадҳои зиёд амалӣ карда мешавад: баланд бардоштани ҳуввияти миллии шаҳрвандон ва бедор намудани хотираи таърихии ҷавонон.  Аммо  ба хотири бедор намудани хотираи таърихӣ, набояд аз худи таърих, ки даврони Иттиҳоди Шӯроавиро низ фаро мегирад, даст кашид. Ҳангмои бардоштани номҳои ӯзбекӣ бошад, на бояд аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ӯзбекзабон мебошанд, фаромӯш намуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала