Русия ва Қазоқистон хостори ҳамкорӣ бо "Сафед-Дара" шуданд

© Горнолыжный комплекс "Сафед Дара""Сафед Дара". Акс аз богйонӣ
Сафед Дара. Акс аз богйонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Маҷмааи лижаронӣ дар масофаи 57-километрии шаҳри Душанбе, дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст, гуфт директори маҷмааи “Сафед-Дара” Баҳодур Исҳоқов

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Ширкати "Технофрост"-и Русия дар маҷмааи лижаронии "Сафед-Дара" майдони яхмолакбозӣ сохтааст, хабар дод ба рӯзноманигорон директори маҷмаа Баҳодур Исҳоқов.

"Ягона мавзеи яхмолакбозӣ дар масофаи 57-километрии шаҳри Душанбе дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст",-гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз Сафед-Дара - Sputnik Тоҷикистон
Дастуру супоришҳои президенти ҶТ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба “Сафед-Дара”

Ширкати "Фароз", ки ғолиби тендери маҷмаа гардид, барои ин мавзеъ зиёда аз 80 миллион сомонӣ саромягузорӣ кардааст. Дар базаи лижаронӣ ҳамчунин хатти нави ҳавоӣ ё роҳи танобӣ бо техноглогияи муосир бунёд шудааст. Шурӯъ аз соли 1975 то соли 2015 ин мавзеъ чун маҷмааи лижаронӣ истифода мешуд.

"Ҳозир маҷмаа дорои инфрасохтори зарурӣ буда, барои баргузории мусобиқаҳои зимистона ва истироҳат омода аст",-гуфт муовини директори ширкати "Фароз" Исматулло Зиёев.

Ӯ хабар дод, ки соли 2017 дар маҷмааи "Сафед-Дара" меҳмонхонаи муосир бо 100 ҷой сохта мешавад. "Аз баски, фасли зимистон дар Тоҷикистон наонқадар тӯлонист, мо тасмим гирифтем, барои нигоҳдории барф таҷҳизоти махсус истифода бурда, зимистони дӯстдорони лижабозиро тӯлонӣ кунем",-изҳор дошт Зиёев.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки маҷмааи "Сафед-Дара" диққати ширкатҳои хориҷӣ аз қабили "Ростуризм" ва чанд ширкати дигари Қазоқистонро ба худ ҷалб кардааст. Айни ҳол байниҳамкориҳои "Сафед-Дара" ва "Ростуризм" дар сатҳи гуфтушунид қарор дорад. Тобистони соли 2017 низ маҷмаа фаъол шуда, дар ин мавзеъ истироҳатгоҳи бачагона, аспсаворӣ, кӯҳнавардӣ ташкил карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала