Тоҷикистон барои парвози ширкати “Ямал” иҷозат надод

© Sputnik Антон ДевяткинФурӯдгоҳи байналмиллалии Жуковский. Акс аз бойгонӣ
Фурӯдгоҳи байналмиллалии Жуковский. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вақте, ҳукумати Тоҷикистон барои парвозҳои иловагӣ аз фурудгоҳи Жуковский омода мешавад, он гоҳ пешниҳоди Русияро баррасӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Хадамоти авиатсионии Тоҷикистон то ҳол барои парвозҳои иловагии ширкати "Ямал" иҷозат надодаанд.

Чуноне вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода ба РИА Новости изҳор дошт, дар ҳоли ҳозир ҳукумати ҶТ барои парвозҳои ширкати "Ямал" иҷозат намедиҳад, чун парвозҳои кунуниро аз Маскав ва ба Маскав кифоя мешуморад.

Парвози ҳавопаймо, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ФР аз Душанбе хоҳиш намуд, ки ба парвозҳои “Ямал” аз Жуковский иҷоза диҳад

Дар ҳоли ҳозир дар як ҳафта ду маротиба ширкатҳои ҳавоии "Уральские авиалинии" ва "Тоҷик Эйр" аз фурудгоҳи Жукоский  парвоз  анҷом медиҳанд.

Ба гуфти ӯ мувофиқи созишномаи ба имзорасида, ҷониби Тоҷикистон ва Русия бояд шумораи баробари парвоз дошта бошанд.

"Ширкатҳои ҳавоии мо ҳоло  барои парвози иловагӣ омода нестанд, барои ҳамин мо ба парвози ширкати "Ямал" аз Русия иҷозат намедиҳем",-қайд кард Ганҷалзода.

Ба қавли ӯ вақте, ки ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон омодаи кушодани парвози иловагӣ аз фурудгоҳи Жуковский мешаванд, он гоҳ ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди Русияро муҳокима хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала