Вазири нақлиёт: фикр намекунам, ки барои як парвоз Русия алоқаи ҳавоиро бандад

Ба қавли вазири вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода, ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии қатъи парвозҳо аз ҷониби Русия кӯшиш мекунад

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон бо Русия оиди иҷозати парвози ширкати "Ямал" гуфтушунид гузаронида истодааст.

Ба гуфти вазири вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода, ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии қатъ парвозҳо аз ҷониби Русия дар арафаи соли нав кӯшиш мекунад.

"Дар ҳоли ҳозир мо бо мақомоти авиатсионии Русия гуфтушунид гузаронида истодаем, фикр намекунам, ки онҳо барои як хати парвоз шуда, алоқаи ҳавоиро барои мо банданд",-менависад РИА Ноовсти аз суханони вазири нақлиёти ҶТ.

Парвози ҳавопаймо, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ФР аз Душанбе хоҳиш намуд, ки ба парвозҳои “Ямал” аз Жуковский иҷоза диҳад

Вазорати нақлиёти ФР дар навбати худ таҳдид карда мегӯяд, ки дар сурати иҷозат надодан аз 22 декабр алоқаи ҳавоиро хоҳад баст. Онҳо умед доранд, ки ҷониби Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро мувофиқи созишномаи моҳи ноябр ба имзо расида, иҷро мекунад.

Дар ҳоли ҳозир ҳукумати Тоҷикистон ба парвози ширкати ҳавоии "Ямал" иҷозат намедиҳад, ба фикри ҷониби Тоҷикистон ин баробарии паврозҳои ширкатҳои Русия ва Тоҷикистонро вайрон мекунад. Дар баробари ин ҷониби Тоҷикистон шумораи парвозҳои кунуниро аз Маскав ва ба Маскав кофӣ мешуморад.

Бо вуҷуди ин ҷониби Русия таъкид мекунад, ки дар созишнома дар бораи "шумораи баробари парвозҳо"-зикр нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала