Ҳасан Руҳонӣ бо сафари корӣ ба Қирғизистон меравад

© Sputnik Ҳасан Руҳонӣ президенти Эрон. Акс аз бойгонӣ
Ҳасан Руҳонӣ президенти Эрон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар ду рӯзи сафари кории президенти Эрон ба Қирғизистон, вохӯрӣ бо Алмосбек Отамбоев ва сарвазири кишвар Сооронбой Жээнбеков дар назар аст

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Эрон Ҳасан Руҳонӣ бо сафари корӣ ба Қирғизистон меравад.

Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ рӯзи 22 декабр бо даъвати Алмосбек Отамбоев ба Бишкек сафар мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар ду рӯзи сафари кории президенти Эрон ба Қирғизистон, вохӯрӣ бо Алмосбек Отамбоев ва сарвазири кишвар Сооронбой Жээнбеков дар назар аст.

Президенти Эрон ҳамчунин дар маросими кушодашавии форуми тиҷоратӣ ширкат хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0