Таҳдиди Русия ба Тоҷикистон: аз 22 декабр парвози ширкатҳои Тоҷикистонро манъ мекунем

© Sputnik Игорь ЛекаркинБинои вазорати нақлиёти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои вазорати нақлиёти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мувофиқи маълумоти вазорати нақлиёти ФР, агар паврози ширкати “Ямал” иҷозат дода нашавад, аз 22 декабр парвози ҳамаи ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон аз Русия баста мешавад

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Мақомоти  Тоҷикистон оҳанги ҳамоҳангсозии масъалаи фурудгоҳи Жуковскийро номақбул хонд.

Фурӯдгоҳи байналмиллалии Жуковский. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон барои парвози ширкати “Ямал” иҷозат надод

Чуноне РИА Новости бо такя ба Вазорати нақлиёти ҶТ хабар медиҳад, ҳукумати Тоҷикистон аз вазорати нақлиёти ФР нома гирифтааст, ки дар он ҷониби Русия иҷозат додани паврвозҳои "Ямал"-ро талаб мекунад.

"Шоми дирӯз мо нома гирифтем, ки дар он дар шакли таҳдид омадааст, агар парвозҳои ширкати "Ямал" иҷозат дода нашаванд, аз 22 декабри соли равон парвози ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон дар Русия қатъ карда мешаванд. Мо чунин фишорро номақбул мешуморем",-изҳор дошт вазири вазорати нақлиёти ҶТ Шералӣ Ганҷалзода.

Қаблан вазири нақлиёт изҳор дошт, ки дар ҳоли ҳозир ҳукумати ҶТ барои парвозҳои ширкати "Ямал" иҷозат намедиҳад, чун парвозҳои кунуниро аз Маскав ва ба Маскав кифоя мешуморад.

Ӯ ҳамчунин ёдовар шуд, ки мувофиқи созишномаи ба имзо расида, ҷониби Тоҷикистон ва Русия бояд шумораи баробари парвоз дошта бошанд.

Лентаи хабарҳо
0