Сироҷиддин Аслов ҳамкориҳои минтақавиро бо Залмай Юнусӣ баррасӣ кард

© Фото : МИД Республики ТаджикистанВохӯрии Сироҷиддин Аслов бо сафири нави Афғонистон дар Тоҷикистон Залмай Юнусӣ. Акс аз бойгонӣ
Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо сафири нави Афғонистон дар Тоҷикистон Залмай Юнусӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сафири навтаъини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Юнусӣ нусхаҳои эътимодномаи худро ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов тақдим кард

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дирӯз сафири навтаъини Афғонистон дар Тоҷикистон Залмай Юнусӣ ба Душанбе омад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корхои хориҷии ҶТ.

Манбаъ мегӯяд, ки дар рафти вохӯрӣ Сироҷиддин Аслов ва Залмай Юнусӣ масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷумла ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ карданд.

Сироҷиддин Аслов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аслов таъмини амнияти долонҳои тиҷоратӣ, тавассути Афғонистонро зарур хонд

"Ҷонибҳо майли мутақобилро ҷиҳати таҳкими беш аз пеши ҳамкориҳои созандаи ду кишвари ҳамҷавор дар ҳамаи заминаҳои мавриди эҳтимоми муштарак таъкид намуданд",-омадааст дар  иттилоия.

Ҳамчунин гуфтf мешавад, ки атрофи мавзӯъҳои ҳамкории минтақавӣ ва роҳҳои фаъолтар кардани кори абзорҳои дуҷонибаи байнисоҳавӣ ва комиссияҳои ҳамкории байни вилоятҳои ҳаммарзи ду кишвар табодули назар сурат гирифт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала