Дар Тоҷикистон ширкатҳои сайёҳӣ аз супоридани андоз озод мешаванд

CC BY-SA 2.0 / Eric Haglund / IMG_0541Сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни ироаи паёми солона пешниҳод кард, то барои ширкатҳои нави сайёҳӣ ба муддати панҷ сол андоз бекор карда шавад

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки дар пайи кушода шудани низоми нави додани раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ, дар кишвар шумораи сайёҳон хоҳад афзуд.

Сафед Дара. Акс аз богйонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Русия ва Қазоқистон хостори ҳамкорӣ бо "Сафед-Дара" шуданд

Ба қавли президенти кишвар имрӯз барои 80 давлати дунё низоми гирифтани раводид содда карда шудааст, ки ин ба рушди соҳаи сайёҳии кишвар таъсири мусбат хоҳад дошт.

"Шумораи сайёҳон дар се соли охир мунтазам афзоиш ёфта, ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст",-гуфт Эмомалӣ Рамҳон.

Президент ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ пешниҳод кард, то ширкатҳои сайёҳӣ аз супоридани андоз дар панҷ соли аввал озод карда шаванд.

"Ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд", гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар баробари ин раисҷумҳури Тоҷикистон воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳиро аз пардохтҳои андозию гумрукӣ озод намуд.

Паёми солонаи президенти Тоҷикистон ба парлумони ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: низоми бонкӣ ба талабот ҷавобгӯ нест

Ҳамчунин президент пешниҳод намуд, ки аз соли 2017 дар назди ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад.

"Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 дар назди ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад",-гуфт раисҷумҳур.

То ҳол ҳамаи масъалаҳои соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ ҳаллу фасл мегардид.

Лентаи хабарҳо
0