Дар Тоҷикистон мошинҳои нав арзон мешаванд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон андози гумрукӣ барои ворид намудани мошинҳои нав аз соли 2017-50% арзон карда шуда, андоз барои ширкатҳои сайёҳӣ бекор карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 23 декабря — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар соли 2017 андоз барои мошинҳои нав 50% арзон мешавад, изҳор дошт президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи  паёми солона ба вакилон.

"Барои дастгирии соҳибкорӣ ва рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ аз моҳи январи соли 2017 ҳамаи намудҳои автомашинаҳои наве, ки ба кишвар ворид карда мешаванд, аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ 50 фоиз озод карда шаванд",-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Паёми солонаи президенти Тоҷикистон ба парлумони ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: низоми бонкӣ ба талабот ҷавобгӯ нест

Ҳамчунин президент ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ пешниҳод кард, то ширкатҳои сайёҳӣ аз супоридани андоз дар панҷ соли аввал озод карда шаванд.

"Ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд",-изҳор дошт президенти ҶТ.

Дар баробари ин раисҷумҳури Тоҷикистон воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳиро аз пардохтҳои андозию гумрукӣ озод намуд.

Лентаи хабарҳо
0