Акнун дар Русия фурӯши чакани маҳсулоти машруботӣ манъ гардид

Мувофиқи қарор, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бояд дар муддати 30 рӯз фурӯши машруботи спиртии ғайриозуқавориро, ки 25% таркибашон аз спирти этилӣ иборат аст, қатъ кунанд

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik.Дар Русия қонуни манъи савдои чаканаи маҳсулоти спиртии ғайриозуқаворӣ расман қабул гардид, хабар медиҳад сомонаи Роспотребнадзор(Хадамоти федералии назорати соҳаи ҳуқуқи истеъмолкуанндагон ва некӯаҳволии инсон).

Пештар сарвазири ФР Дмитрий Медведов пешниҳоди раиси Роспотребнадзор Анна Поповаро оид ба қатъи маҳсулоти спиртии ғайриозуқаворӣ дастгирӣ намуда буд.

Коргоҳи истеҳсолоти машруботи спиртӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Парлумони Ироқ гардиши машруботи спиртиро дар кишвар манъ кард

"Қарор аз санаи 23.12.2016 таҳти № 195 "Дар бораи қатъи фурӯши чаканаи маҳсулоти ғайриозуқавории спиртӣ" қабул гардид",-омадааст дар хабар.

Ҳамин тавр,  мувофиқи қарор шахсони ҳуқуқӣ ва саҳибкорони инфиродӣ бояд дар муддати то 30 рӯз фурӯши чаканаи маҳсулоти спиртии ғайриозуқавӣ, ки дар таркибашон 25%  спирти этилӣ мавҷуд аст, қатъ кунанд.

Қарори мазкур дар Вазорати адлияи ФР ба қайд гирифта шудааст ва аз рӯзи интишори расмӣ мавриди амал қарор мегирад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала