Сафорати ИМА амрикоиҳои Тоҷикистонро аз хатар огоҳ мекунад

Ҳангоми сафар ба ВМКБ дар мавзеъҳои марз бо Афғонистон ҳангоми торикӣ, хусусан дар ҷойҳои серҷамъият хайма назананд ва дучархасаворӣ накунанд

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон боз  шаҳрвандони худро аз хатар огоҳ мекунад.

Сафорат шаҳрвандони худро "дар бастагӣ бо таҳдиди террористӣ, ҷашнҳои дар пеш истода ва ҳодисаҳои Берлину Анқара аз хатар огоҳ мекунад".

Ҳамин тавр сафорат тавсия медиҳад, ки шаҳрвандон аз ҷамъияти бузурги одамон масалан дар (истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ) дурӣ ҷӯянд.

Занони мусалмон дар вақти шузоштани намоз дар Вашингтон дар назди Кохи Сафед - Sputnik Тоҷикистон
ИМА даъват кардааст, ки мусулмононро дигар террорист ном надиҳанд

Ҳангоми сафар ба Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон дар мавзеъҳои марз бо Афғонистон ҳангоми торикӣ, хусусан дар ҷойҳои серҷамъият хайма назананд ва дучархасаворӣ накунанд.

Сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов санаи 19-уми декабр дар намоиши аксҳо дар Анқара ба ҳалокат расонида шуд. Сафир аз ҷониби собиқ корманди пулис кушта шуд. Вазорати корҳои хориҷии Русия ин амалро чун ҳамлаи террористӣ медонад.

Ёдовар мешавем, ки сафорати ИМА қаблан шаҳрвандони худро аз хатари террористӣ огоҳ карда буд.

Коршиноси рус оид ба кишварҳои ИДМ Аждар Куртов ҳушдори сафоратро шаҳр дода, қайд кард, ки вазифаи сафорат ин огоҳ кардан аз хатар аст, барои ҳамин набояд ба чунин ҳушдорҳо бо ҳарос назар кард.

"Дар ин маврид сафорат ва дигар сохторҳои қудратӣ зиёдаравӣ мекунанд ва дар ҷое, ки хатар нест, хатар мебинанд",-изҳор дошт коршинос.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала