Майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт барои таҷлили Соли нав омода аст

Обуна шудан
НовостиTelegram
Базмгоҳи асосии таҷлили Соли нави мелодии 2017 дар шаҳри Душанбе майдони “Дӯстӣ” -и пойтахт мешавад. Ситораҳои эстрадаи тоҷик дар назди мухлисон шоми рӯзи 31-уми декабр ҳунарнамоӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар майдони "Дӯстӣ"  аллакай  арчаи солинавӣ гузошта шуда, бо чароғакҳои гуногун оро дода шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати фарҳанги ҶТ.

Шоми 31 декабр аз соати 19:00 то 21:00 дар майдони "Дӯстӣ" барномаи идонаи солинавӣ бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор гардида, бо мушакпарронӣ анҷом меёбад.

Манбаъ мегӯяд, ки ҳамчунин дар  толори Сирки давлатӣ санаи 29 декабр намоиши идонаи солинавӣ барои хонандагони  мактаб-интернатҳо ва толибилмони болаёқати шаҳри Душанбе ташкил мегардад.

Арчаи солинавӣ дар майдони Дӯстӣ - Sputnik Тоҷикистон
Арчаи асосии солинавии Тоҷикистонро рӯзи душанбе оро медиҳанд

Дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, шаршараи Наврӯзгоҳ, боғ ва хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Теҳрону Шоҳтемур ва боғҳои "Дӯстии халқҳо", "Кӯли ҷавонон" ба номи С.Айнӣ ва майдони "800-солагии Москва" идона ороиш дода шудааст.

Ҳамчунни дар арафаи Соли нав дар бозорҳои шаҳр ярмарка фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум дар назар аст.

Барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон дар рӯзҳои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангии солинавӣ ба раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе дастур дода шудааст, ки тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Лентаи хабарҳо
0