Вазорати нақлиёти ҶТ ба “Уральские авиалинии" муваққатан иҷозати парвоз медиҳад

© Sputnik / Михаил Фомичев / Гузариш ба медиабонкҲавопаймои ширкати Уральские авиалинии. Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои ширкати Уральские авиалинии. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Қатъи парвози ширкати “Уральские авиалинии"- барои тоҷикистониёне, ки дар Русия кор ва фаъолият мекунанд, мушкил эҷод хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон муваққатан ба ширкати "Уральские авиалинии" иҷозати парвоз медиҳад.

Ҳавопаймои ширктаи Сомон-  Эйр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Маслиҳати Тоҷикистону Русия напухт: “Сомон Эйр” дигар парвоз намекунад

Қатъи парвози ширкати ҳавопаймоии "Уральские авиалинии"- барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор ва фаъолият мекунанд, мушкил эҷод хоҳад кард, изҳор дошт вазири нақлиёти ҶТ Шералӣ Ганҷалзода.

"Барои он ки дар арафаи Соли нав ҳазорон муҳоҷирон ба ватан бармегарданд, вазорати нақлиёт қарор дод, ки аз амали ҷавобӣ баъди манъи парвози ширкати "Сомон Эйр"оид ба қатъи парвозҳо худдорӣ намояд",-менависад РИА Новости аз суханони вазири нақлиёт.

Ганҷалзода ҳамчунин қайд кард, ки Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ҳама маврид метавонад парвози ширкати русиро ба Душанбе ва Хуҷанд қатъ намояд, вале "ҳалли дигари ин мушкилот беҳтар хоҳад буд".

Лентаи хабарҳо
0