Хлопушка: ҷавони 19-сола дар арафаи Соли нав дастгир шуд

© Sputnik / Александр Кожохин / Гузариш ба медиабонкМаводи тарфгарӣ. Акс аз бойгонӣ
Маводи тарфгарӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар арафаи Соли нав фурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дар Тоҷикистон зиёд мешавад. Ҳамин тавр ҷавони 19-сола бо иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир гардид

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷавони 19-сола бо итиҳоми фурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии ҶТ.

Манбаъ мегӯяд, ки санаи 21-уми декабри соли равон  тахминан соати 16:30 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 1000-дона  маводи тарфгарии намуди "Трения", дарёфт ва мусодира карда шуд.

Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.

Лентаи хабарҳо
0