"Тоҷик Эйр": тӯҳфаи беҳтарин саломатӣ аст

Ширкати ҳавоии "Тоҷик Эйр" фаъолияти хайриявии худро бо аксияи "Дари добро" (Хубӣ тақдим кун) оғоз мекунад. Аз ҳар фурӯши чипта 2 сомонӣ ба бунёди хайриявӣ ҷудо мешавад

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" аксияи хайриявӣ-ёрӣ ба кӯдакон бо бемории анкологӣ ва қалб мегузаронад.

Фаъолияти хайрияви худро ширкати ҳавоӣ имсол бо аксияи "Дари добро", ёрӣ ба кӯдакони то 12 сола оғоз мекунад.  Акнун аз ҳар фурӯши чипта 2 сомонӣ ба бунёди хайриявӣ дода мешавад.

Соли 2017. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Табрикоти шахсони машҳури Тоҷикистон: дӯстӣ бо Узбакистон, саломатӣ ва сулҳ

"Чун анъана дар арафаи Соли нав мардум ба якдигар ва наздикон тӯҳфа тақдим намуда, табъи якдигарро болида мегардонанд. Тӯҳфаи беҳтарин барои ҳама ин-саломатӣ аст. Акнун аз ҳар фурӯши чипта ширкати ҳавоии "Тоҷик Эйр "2 сомонӣ ба бунёди хайриявӣ медиҳад",-гуфт намояндаи хадамоти матбуоти ширкат.

Гуфта мешавад, ки маблағи ҷудогардида барои табобати кӯдакони бемори то 12 сола истифода мешавад.

"Мо ба оилаҳое,ки барои харидории дору ба мо муроҷиат мекунанд, ёрӣ мерасонем. Қаблан барои ҳар як мусофири ширкати "Тоҷик Эйр" барои саҳм ба кори хайр изҳори миннатдорӣ баён мекунем"-қайд кард, сухангӯи ширктаи "Тоҷик Эйр" Азиз Хайруллоев.

"Тоҷик Эйр"-ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон мебошад, ки таърихи нахустсафари он ба соли 1930 рост меояд. Имрӯзҳо ширкат ба чандин шаҳрҳои бузурги ҷаҳон парвоз карда, Тоҷикистонро о минтақаҳои гуногун мепайвандад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала