Тағйироти кадрӣ: аз таъини сафири нав то директори мактаби президентии Хоруғ

© Фото : Официальный сайт президента ТаджикистанаПрезиденти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар якқатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Бо имзои чанд қонун президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сафири нави Тоҷикистон дар Туркманистон ва директори нави мактаби президентии шаҳри Хоруғро таъин кард.

Ҳамин тавр мувофиқи фармони президент Иброҳимзода Анварҷон аз вазифаи раиси суди вилояти Суғд озод карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Тибқи фармони раисҷумҳур Қонунзода Шодигул Худобахш директори муассисаи таълимии давлатии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" таъин шуд.

Дар баробари ин Шарифзода Фаррух Ҳомиддин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон таъин гардид.

Лентаи хабарҳо
0