Даргузашти собиқ президенти Эрон ва барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон

Обуна шудан
Тибқи иттилои манбаъ Рафсанҷонӣ дар беморхона, ки рӯзи якшанбе пас аз гирифтор шудан ба сактаи дил бистарӣ гардида буд, вафот кардааст

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Собиқ президенти Эрон Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ вафот кард, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба оҷонсии fors.

Тибқи иттилои манбаъ Рафсанҷонӣ дар беморхона, ки  рӯзи якшанбе пас аз гирифтор шудан ба сактаи дил бистарӣ гардида буд, вафот кардааст.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуд.

"Хабари бар асари сактаи қалбӣ даргузаштани Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсатмадорони Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андӯҳи мо гардид",- ҳамдардӣ намудааст президент.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳаққи  президенти марҳум дуои хайр намуда, ба тамоми мардуми Эрон сабри ҷамил хостааст.

Ёдовар мешавем, ки Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар тӯли солҳои 1989-1997 президенти Эрон ба ҳисоб мерафт.

Собиқ президент дар синни 82-солагӣ вафот кард.

Лентаи хабарҳо
0