Тоҷикистон Русияро барои баррасии парвозҳо ба Душанбе даъват кард

© Sputnik Игорь ЛекаркинВазорати нақлиёти ҶТ, акс аз бойгонӣ
Вазорати нақлиёти ҶТ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар баробари ин ҳукумати Тоҷикистон қайд кард, ки вобаста ба паврвозҳои “Ямал” Тоҷикистон қарори худро дигар намекунад

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik.Ҳукумати Тоҷикистон тайёр аст, ки дар мавзӯи паврзҳои байни Тоҷикистону Русия гуфтушуниди кишварҳоро давом диҳад, ки он қисман аз сабаби ҳал нашудани масъалаи паврозҳои ширкати ҳавоии "Ямал" номуайян буд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҶТ.

Ҳавопаймои ширкати Уральские авиалинии. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон парвози “Уральские авиалинии”-ро манъ кард

Ба гуфтаи вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷализода, Тоҷикистон ба Вазорати нақлиёти Русия мактуб равон намуда, идораро ба Душанбе  даъват кардааст.

Вай илова намудааст, ки ҳоло аз ҷониби Русия ҷавоб нагиритфаанд.

"Мавқеи мо вобаста ба парвозҳои ширкати ҳавоии "Ямал" аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе ва Хуҷанд тағийр наёфтааст, мо манфиатҳои худро пайгирӣ хоҳем кард",-  қайд мекунад вазир.

Лентаи хабарҳо
0