Зани 32 сола фарзанди худро ба маблағи 1000 сомонӣ фурӯхт

© Sputnik / Денис Гришкин / Гузариш ба медиабонкХонаи таваллуд. Акс аз бойгонӣ
Хонаи таваллуд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зани 32-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони хариду фурӯши ноболиғ дастгир шуд

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik.  Сокини шаҳри Душанбе тифли навзоди худро ба маблағи 1000 сомонӣ фурухт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии ҶТ.

Манбаъ мегӯяд,  ки зани гумонбаршуда, рӯзи 6-уми декабри соли 2016 дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе тифли ҷинсаш духтар таваллуд кардааст.

"Рӯзи 14-уми декабри ҳамон сол ӯ ба зани 44-солаи сокини ноҳияи Восеъ духтарашро  ба маблағи 1000 сомонӣ фурӯхтааст",-омадааст дар иттилоия.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.

Лентаи хабарҳо
0