Эмомалӣ Раҳмон: Кормандони коррупсия бояд шахсони пок бошанд

© Flickr / Официальный сайт президента РТПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бахшида ба даҳсолагии таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik.Эмомалӣ Раҳмон дар назди кормандони агентӣ суханронӣ карда, онҳоро ба муносибати 10-солагии таъсиси оҷонсӣ муқборакбод гуфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

"Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад",- гуфт президент.

Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тағийроти кадрии Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби кадрҳои ҷавони забондон

Ба гуфтаи раисҷумҳур ин зуҳурот ба мисли эктримизм ва терроризм ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст.

Тоҷикистон ба ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳурот муваффақ шудааст, меорад аз суханронии президент сомона.

Эмомалӣ Раҳмон баробари ин таъкид дошт, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад, ки вазифаи он аз ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиатҳои давлату ҷамъият иборат аст.

Бинобар ин кормандони коррупися бояд донишу малакаи пухтаи касбӣ дошта бошанд.

"Яъне худи кормандони ин ниҳод бояд шахсони пок бошанд, манфиатҳои давлатро аз манфиатҳои шахсӣ боло донанд, даст ба қонуншиканӣ назананд ва барои кормандони дигар мақомоти давлатӣ намуна бошанд",- хотиррасон намуд раисҷумҳури кишвар.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала