Лукашенко бо сафари расмӣ ба Ӯзбакистон меравад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезиденти Белорус Александр Лукашенко, акс аз бойгонӣ
Президенти Белорус Александр Лукашенко, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамагӣ баъд аз се моҳи сафар ба кишвар президенти Белорусия бори дигар ба ба Ӯзбакистон сафари расмӣ ба нақша гирифтааст

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik.Президенти Белорус Александр Лукашенко мехоҳад бо сафари расмӣ ба Ӯзбакистон ташриф орад, хабар медиҳад сомонаи Tut.by. Сафари Лукашенко ба моҳи феврал ба нақша гирифта шуд. Ҳоло барномаи сафари расмӣ омода мегардад.

Рустам Азимов, Ӯзбакистон - Sputnik Тоҷикистон
Кушодани роҳ, бекор кардани раводид: барои чӣ намояндаи Ӯзбакистон ба Душанбе меояд

Ёдовар мешавем, ки президенти Белорус ба наздикӣ ба Ӯзбакистон ташриф оварда буд.  Моҳи октябри соли 2016  Лукашенко аз Покистон баргашта, ба Ӯзбакистон рафта буд. Дар рафти сафар вай ба қабри собиқ раисҷумҳури Ӯзбакистон гулчамбар гузошта ба ҳамсари Ислом Каримов ҳамадардӣ баён намуд.

Ҳамин тавр Лукашенко бо иҷрокунандаи вазифаи президентии онвақта Шавкат Мирзиёев вохӯрии корӣ доир намуд.

Аввалҳои моҳи декабр президенти Белорус ба Мирзиёев барои ғолибия дар интихоботи президентӣ мактуби шодбошӣ равон намуд.

Дар тӯли моҳҳои январ то сентябри соли 2016 гардиши мол байни Ӯзбакистон ва Белорус 43,4 миллион долларро ташкил намуд. Қисми зиёди содироти Белорус ба Ӯзбакистон ба воситаи кишвари сеюм ворид мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала