Пирова: дар як синф 40 нафар дарс меомӯзад

© Фото : страница Светланы Пировой в FacebookСветлана Пирова, Акс аз бойгонӣ
Светлана Пирова, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба қавли Светлана Пирова, директори мактаби назди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия нарасидани муаллимони забони русӣ як тарафи масъала бошад, мушкилоти дигар зиёд будани шумораи хонандагон дар синфҳо аст

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Ба кори пурсамари донишгоҳи омӯзгорӣ ва мӯътадил будани шумораи хатмкунандагони донишгоҳ нигоҳ накарда, муҳоҷират кадрҳои бақувватро фурӯ мебарад, мегӯяд муаллима.

"Ҳам хонандагон ва ҳам волидони онҳо мегӯянд, ки дар ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон ва қишлоқҷойҳо муаллимони забони русӣ намерасанд. Албатта дар шаҳрҳои нисбатан бузург норасоии омӯзгорон камтар ҳис мешавад",-шарҳ дод Пирова ба Sputnik Тоҷикистон.

Мактаббачагони мактаби рақами 16-и шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Барои чӣ забони русӣ ба хонандагони тоҷик дастнорас мешавад

Ба гуфти ӯ бо сабаби кам будани шумораи омӯзгорон мактабҳо баста мешаванд. Ин омил зимни супоридани имтиҳон дар мактаби мо баръало ҳис мешавад. Ҷои нишаст нест, дар як синф 40 нафар дарс меомӯзанд.

Сухан натанҳо дар бораи омӯзгорони забони русӣ, балки норасоии муаллимони дигар забонҳои хориҷӣ низ меравад.

"Барои чӣ мактабҳо маҳкам мешаванд? Дар синфҳои мо муаллимони фаннҳои физика, математика, химия намерасанд, муаллимоне, ки қодир бошанд бо забони русӣ дарс гӯянд, каманд",-қайд кард Светлана Пирова.

Лентаи хабарҳо
0