Данғара: садамаи нақлиётӣ мунҷар ба марги ронанда ва мусофирон шуд

© Фото : предоставлено ГУ МЧС по Чеченской Республике / Гузариш ба медиабонкСадамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Данғара дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ронанда ва мусофирон ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Дар ноҳияи Данғара дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе ба ронандаи мошини тамғаи "Ховер" ба садама дучор шуда, боиси марги ронанда ва мусофирон шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД ҶТ.

Санаи 12-уми январи соли 2017, тахминан соати 08:10 ронандаи автомашинаи тамғаи "Ховер", марди 56-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии чуқуриаш 150 метр чаппа шудааст.

Дар натиҷа худи ронанда ва мусофирони автомашина, зани 20-солаи сокини ноҳияи Восеъ ва марди 23-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Аз рӯи ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0