Эмомалӣ Раҳмон ба Алмосбек Отамбоев номаи тасаллият равон кард

© Фото : Официальная страница пресс-службы президента РТЭмомалӣ Раҳмон президенти ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон президенти ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев барқияи тасаллият ирсол намуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раисҷумҳури Қирғизистон номаи тасаллият равон кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

 Дар нома аз ҷумла гуфта, мешавад "Муҳтарам Алмазбек Шаршенович,

Аз хабари суқути ҳавопаймои боркашони ширкати туркӣ дар маҳаллаи бӯстонсароҳо, ки боиси марг ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон ва хисороти хонаҳои истиқоматӣ дар атрофи шаҳри Бишкек гардид, андӯҳгин гаштам.

Ба тамоми мардуми дӯсти Қирғизистон вобаста ба ин фоҷиа тасаллияти амиқ изҳор намуда, ҳоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва ҳамзамон таманниёти зуд шифо ёфтанро ба тамоми осебдидагон расонед".

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар натиҷаи суқути ҳавопаймо дар наздикии фурудгоҳи "Манас" на  кам аз 30 нафар ба ҳалокат расиданд.

Хабар дода шуд, ки ҳавопаймои ширкати туркии Turkish Airline аз самти Гонконк ба Истамбул парвоз мекард, ки барои сӯзишворӣ дар Бишкек таваққуф намуд. Тайёра дар наздикии фурудгоҳи "Манас" деҳаи Дача-Суу суқут кард, хабар медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0