"Тоҷикистон то ҳол намедонад, ки ба ЕврАзЭс дохил шавад, ё не"

Мо то ҳол намедонем, ки аъзошавӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ бо фоида мо аст ё ба зарари мо, мегӯяд Хуршед Каримзода муовини аввали сардори Хадамоти гумруки ҶТ

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik.Намояндагони Хадамоти гумрук имрӯз дар нишасти хабарӣ изҳор доштанд, ки Тоҷикистон наметавонад ба Итиҳоди гумрук шомил шавад.

Ба гуфтаи Каримзода молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон  ба стандартҳои Иттиҳроди АвруОсиё  ҷавобгӯ нестанд.

"Мо пеш аз оне, ки ба ин Иттиҳод дохил шавем,бояд донем, ки ба ин бозор кадом маҳсулоти хешро пешниҳод мекунем",- изҳор доштааст ӯ.

Бозори Шоҳмансур. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шабдолов: шомил шудан ба ЕврАзЭС роҳи асосии ҳалли мушкилот аст

Тоҷикистон, ки дар роҳи шомил шудан ба ЕврАзЭс таҷрибаи ҳамсоякишвар Қирғизистонро меомӯхт ва акнун кишвари Белорусро меомӯзад, то ҳол намедонад, ки шомил шудан ба Иттиҳоди АвруОсиё ба зарари кишвар аст ё ба фоида вай.

Ҳамин тавр "мо то ҳол намедонем, ки аъзошавӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ бо фоида мо аст ё ба зарари мо", изҳор доштааст Хуршед Каримзода дар нишасти матбуотӣ.

Андрей Захватов коршинос оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи имкониятҳои воридшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон ибрози андеша карда буд.

Нишондоди пасти доду гирифти Тоҷикистон, мушкилоти иқтисодӣ ва шубҳаи ворид шудан ба иттиҳоди АвруОсиё падидаи муваққатӣ аст ва онро метавон паси сар кард. Бӯҳрони иқтисодие, ки имрӯз Тоҷикистонро фаро гирифтааст, асосан аз Русия интиқол ёфтааст, мегӯяд Захватов.

Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки коршиноси дигар оид ба кишварҳои ИДМ Аркадий Дубнов қайд намудааст:

— Тоҷикистон замоне ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дохил мешавад, агар аз ҷониби Маскав пешниҳоде шавад, ки кишвар онро рад карда натавонад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала