Президент Раҳматуллозодаро сафири Люксенбург таъин кард

© Фото : Официальная страница пресс-службы президента РТЭмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо имзои як қонун Эркинхон Раҳматуллозодаро сафири Люксембург таъин кард

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik.  Раҳматуллозода Эркинхон бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафири нави Люксембург таъин гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

"Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Раҳматуллозода Эркинхон ҳамзамон Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳертсогии Бузурги Люксембург таъин карда шавад",-омадааст дар хабарнома.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл президент бо имзои қарори ҳукумат Обид Назаровро аз мақоми муовини вазири фарҳанг барканор намуд. Дар баробари ин раисҷумҳур раиси шаҳри Душанбе, муовинонаш ва вазири вазорати тандурустиро аз вазифа озод кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала