Навбати Челябинск: фаъолияти ронандагии муҳоҷирон манъ шуд

Қонун оиди манъи фаъолияти муҳоҷирон ба ҳайси ронандаи мусофирбар ва таксӣ аз 1-уми январи соли равон рӯи кор омад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар вилояти Челянбинск қонун дар бораи манъи фаъолияти ронандагии муҳоҷирон рӯи кор омад, хабар медиҳад портали маҳаллӣ "Новости России".

Қайд мегардад, ки қонун аз 1-уми январи соли 2017 фаъол шуд. Мувофиқи қонуни баимзорасида, аз ин ва баъд муҳоҷирон ҳуқуқи ҳайси ронандаи мусофирбар  ва таксӣ кор карданро надоранд.

Ҳамин тавр муҳоҷирон дигар наметавонанд дар вилояти Челябинск ба сифати ронанда фаъолият кунанд.

Муҳоҷирон дар маркази воҳиди муҳоҷират. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ин шӯхӣ нест: дар Петербург муҳоҷиронро аз мусофиркаш "пеш" мекунанд

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл қарори монанд дар шаҳри Санкт-Петербург пешниҳод шуда буд. Намояндаи парлумони минтақа Андрей Анохин пешниҳод кард, ки муҳоҷирон дар бархе аз соҳаҳо ба кор қабул нашаванд.

"Бовар кунед, ҳоло муҳоҷирон дар ҳама ҷо ҳастанд, ба кор қабул кардани онҳо барои кордиҳанда манфиатовар аст, яъне андоз намесупоранд. Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони мо ҷои кор пайдо карда наметавонанд, ин вазъро дигар бояд кард",- иброз дошт муаллифи қонун Андрей Анохин дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Дар Новосибирск бошад, соли 2016 қонун дар бораи манъи ҷалб намудани муҳоҷирон ба кор дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон, боғча, мактабҳо, соҳаи хӯроки кӯдакон, ронандагӣ дар мусофирбар ва дигар намуди нақлиёт ба имзо расид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала