Дар Душанбе зани ҷавон тифли навзодашро фурӯхт

CC0 / Pixabay / Тифли навзод, акс аз бойгонӣ
Тифли навзод, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки як зани 29-солаи шаҳри Душанбе тифли навзодашро бо нархи 2 ҳазору 500 сомонӣ фурӯхтааст

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 29-солаи сокини шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар хариду фурӯши ноболиғ дастгир намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ зан санаи 13-уми январ писарчаи навзодашро бо як сокини шаҳри Душанбе фурухтааст.

Зани ҷавон тифлашро бо нархи 2 ҳазору 500 сомонӣ ба дасти зани дигар дод.

ВКД Тоҷикистон нисбати модари фарзандфурӯш парвандаи ҷиноӣ боз намаудааст.

Лентаи хабарҳо
0