Ронанда ба хотири баровардани экскаватор аз дарё, худаш ғарқ шуд

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкЭкскаватор. Акс аз бойгонӣ
Экскаватор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи як ҳодисаи нохуш дар дарёи Вахш хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik.Хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон менависад, ки дар дарёи Вахш як ҳодисаи нохуш ба амал омад.

Санаи 18-уми январ ронандаи трактор, марди 58-сола ба хотири баровардани экскаватори ғарқшуда худаш дар дарё нопадид шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ мард ҳангоми баровардани техника, аз сабаби баланд шудани оби дарё- дар ҳудуди ноҳияи Бохтар ғарқ шуда, бедарак гум шудааст.

Ҳоло ҷасади ронандаеро, ки хоҳиши наҷот додан дошту худ қурбон шуд, мекобанд ва чорабиниҳои ҷустуҷӯи давом дорад.

Лентаи хабарҳо
0