Имрӯз Барак Обама аз қасри сафед кӯч мебандад

© AP / Evan VucciБарак Обама, акс аз бойгонӣ
Барак Обама, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Наздики сад нафар кормандони техникӣ имрӯз амволи президент Барак обамаро аз Қасри сафед бурун карда, ба қаср бағоҷи президенти тозаинтихоб Доналд Трампро ворид мекунанд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik.Имрӯз президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп баъд аз маросими қасамёдкунӣ ба Қасри Сафед мекӯчанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Наздики сад нафар кормандони техникӣ имрӯз амволи президент Борак обамаро аз Қасри сафед бурун карда, ба қаср бағоҷи президенти тозаинтихоб Доналд Трампро ворид мекунанд, иттилоъ медиҳад манбаъ.

Барак Обама. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Барак Обама: терроризм бо дини ислом рабте надорад

Трамп  имрӯз соати 22:00 бо вақти Душанеб қасам ёд мекунад, худи ҳамон соат муҳлати президентии Обама ба охир мерасад.

Ҳамин тавр ҳоло ҳам президенти Амрико Борак Обама аст.

Саҳарии имрӯз Барак Обама бо ҳайати хизматрасони Қасри сафед хайрбод гуфт.

Акнун доналд Трамп метавонад дар ҷузъиёти Қасри сафед баъзе тағийротҳо ворид кунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала