Зани тоҷик дар Маскав зери қатора монда ҳалок шуд

© SputnikРоҳи оҳани Маскав. Акс аз бойгонӣ
Роҳи оҳани Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Фоҷиа дар назди истгоҳи “Нижние Котли”-и самти Повелетская, замоне ба вуқӯъ пайваст, ки зани тоҷик ҳамроҳи духтараш аз роҳи оҳан мегузашт

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik.  Зани тоҷик дар Маскав зери чархи қатораи мусофиркаши самти "Саратов-Москва" монда, ба ҳалокат расид, хабар медиҳад оҷонсии "Москва".

Тибқи иттилои ВАО-и маҳаллӣ зани 46-сола шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Фоҷиа замоне ба амал омад, ки зан ҳамроҳи духтараш аз роҳи оҳан, дар ҷои номуносиб мегузашт.

Гуфта мешавад, ки ронандаи қатора сигналҳои огоҳӣ дод, вале қатораро боздошта натавонист. Дар пайи бардоштани ҷароҳати вазнин шаҳрванди Тоҷикистон, зани 46 сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

Манбаъ мегӯяд, ки духтараш осеб надидааст. Кормандони Кумитаи тафтишоти Маскав аз рӯи далели ҳодиса тафтишот бурда истодаанд.

Намояндагони Роҳи оҳани шаҳри Маскав шаҳрвандон ва меҳмононро ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ даъват мекунанд. Роҳи оҳан яке аз хаторнатарин мавзеъҳо дониста мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала