Душанбе аз Фаронса ва Украина пешсаф шуд: чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Тоҷикистон мегузарад

© Sputnik Амир Исаевшаҳри Душанеб, акс аз бойгонӣ
шаҳри Душанеб, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Тирамоҳи оянда пойтахти Тоҷикистон ба арсаи байналмиллалӣ табдил меёбад: яке аз ҳодисаҳои муҳими варзиш - чемпионати ҷаҳон дар Душанбе баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik.Дар  Душанбе яке аз мусобиқаҳои машҳур оид ба самбои ҷангӣ — чемпионати ҷаҳон баргузор мешавад.

Соли 2017 пойтахти Тоҷикистон ба маркази баргузоршавии мусобиқаи бузурги байналмиллаӣ табдил меёбад. Интизор мешавад, ки чемпионати ҷаҳон санаҳои 16-17 сентрябр баргузор хоҳад шуд. Баробари Тоҷикистон — Украина ва Фаронса низ мехостанд, ки гузаронидани сабқатро ба ӯҳда гиранд, аммо Тоҷикистон дар ин ҷода пешсаф шуд.

Самбо, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дастаи самбочиёни тоҷик аз Булғористон медали биринҷӣ меорад

Ёдовар мешавем, ки пештар мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбои ҷангӣ дар чемпионати ҷаҳон медали нуқрагӣ ба даст оварда буд. Варзишгар Шахрзод Рамазонов ин ҷоизаро ба даст овард. Вай дар вазни 90 кг сазовори медали нуқра гашт. Ҳамагӣ дар чемпионат намояндагони 20 давлат иштирок карданд.

Ба ҳайати варзишгарони тоҷик панҷ варзишгар ворид шуданд.

Лентаи хабарҳо
0